Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд

Апрель 3, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”.

Ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масъалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин роҳҳои татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити байниминтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои иштирок дар лоиҳаи алоқаи моҳворавии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ омода аст.

Рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ ва рушди зеҳни сунъӣ муҳим дониста шуд.

Аҳамияти Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббуси нави “Дарвозаи глобалӣ” ва барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ таъкид гардид.

Дар робита ба ҳалли мушкилоти глобалӣ изҳори бовар карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи муносиб иштирок хоҳад кард.

Апрель 3, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд