Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд

Апрель 3, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Антонио Коста аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.

Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд.

Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.

Ҳамкории ду ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии «Роғун» ва таҷдиди неругоҳи «Норак» манфиатдор аст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.

Оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тавсеаи барномаҳои бурсиявӣ ва дастгирии минбаъдаи таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зарурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитизистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта 03.04.2024

Апрель 3, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд