Рӯзҳои охири моҳи апрел дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охири моҳи апрел дар мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳавои моҳи апрели имсола ба моҳи апрели соли 2013 шабоҳат дорад. Дар рӯзҳои охири моҳ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар рӯзҳои охири моҳ ҳаво аз 29 то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шарқи вилоят то 5 дараҷа гармӣ ва дар ғарби вилоят то 15 дараҷа гармӣ пешгӯӣ карда мешавад.
АКС: Dushanbe Travel








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






