Рушди инноватсионии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии инноватсия дар Москва муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел бахшида ба Рȳзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ (26 апрел) дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Конфронси VII байналмилалии Роспатент ЭРА IP таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ-заминаи иқтисоди инноватсионӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони воломақоми давлатҳои Русия, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода ба тариқи маҷозӣ иштирок намуда, дар мавзуи «Ҳамгироии моликияти зеҳнӣ ба инноватсия дар Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Инчунин дар ин рӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии «Рушди инноватсионӣ тавассути бозори моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид. Бахши 8-уми он таҳти унвони «Нақши моликияти зеҳнӣ дар рушди иқтисоди инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Ин бахши форум дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаю агентӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар қисмати пленарии форум суханронӣ намуд.
Иштирокчиёни ин бахши Форуми байналмилалии «Рушди инноватсионӣ тавассути бозори моликияти зеҳнӣ» дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи моликияти зеҳнӣ дар шакли рӯнамо баромад намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






