Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд

Апрель 15, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел  вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея Ким Ҳюнҷун баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон барои тақвияти робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Апрель 15, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд