Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд

Апрель 8, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел ба муносибати 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб аз дастовардҳои давоми се даҳсола ноилшуда ва сатҳи эътимоди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории дуҷониба, алалхусус дар самти тиҷорату сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои муҳими муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузории иҷлосияи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки 16 апрел дар ал-Кувайт ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор ва гуфтгӯи судманд доир шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Апрель 8, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид