Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини аввали Президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот намуд

Апрель 17, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифта, тарафҳо баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар соли равон идомаи мантиқии ҳавасмандии ду ҷониб барои рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ намуданд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рушду тақвияти робитаҳои дӯстона ва мутақобили судманди Тоҷикистон бо Эрон ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки иқтидору зарфияти ду мамлакат  барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ низ қобили таваҷҷуҳанд ва дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин замина, аз лағви низоми раводид байни мамлакатҳо ёд оварда шуд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ карда, ба рушди ҳамкорӣ  дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ ва илму фарҳанг ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории судманд байни ду мамлакат ба тавсеаи бештари робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Апрель 17, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»