Шиддати заминларза дар Туркия 6,2 баллро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шиддати зилзила дар маркази заминларза, ки дар баҳри Мармара, дар километри 70-ум аз маркази Истанбул ба амал омад, аз рӯи ҷадвали Меркалли дараҷаи ҳаштум (VIII)-ро ташкил дод, ки ба 7 дараҷа баробар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, чунин маълумот дар гузориши пешакии Расадхонаи зилзилашиносии Кандиллии Донишгоҳи Босфор, ки пайваста заминларза ва ҳодисаҳои геологии Туркияро назорат менамояд, пешниҳод шудааст.
Дар гузорише, ки коршиносони донишгоҳ таҳия кардаанд, гуфта мешавад, ки тибқи харитаи тақсимоти шиддати пешбинишуда, ки расадхона таҳия кардааст, сатҳи шиддати дар маркази заминларза эҳсосшуда VIII аз 12 имкони мавҷуда аст.
Дараҷаи ҳаштум, чунонки зилзилашиносон шарҳ додаанд, заминларзаи пурқувват аст. «Наздиктарин маҳал ба маркази заминларза ноҳияи Силиврии Истанбул буда, каме дуртар аз Мармара Эреглиси, Буюкчекмеҷе ва Бейликдузу ҷойгир шудаанд. Масофа то маркази Истанбул тақрибан 69 километр мебошад», — омадааст дар гузориш.
Заминларза рӯзи чоршанбе, соати 12:49 дар баҳри Мармара, дар умқи 15,2 километр рух дод. Шиддати он, ки расадхонаи Кандилли сабт кардааст, 6,1 баллро ташкил додааст. Раёсати ҳукуматӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Туркия шиддати заминларзаро 6,2 дараҷа эълон намуд. Пас аз шаш дақиқаи офати табиӣ огоҳӣ дар бораи эҳтимоли ба амал омадани сунамӣ дар натиҷаи то 5 см тағйир ёфтани сатҳи об расид. Бо вуҷуди ин хатари минбаъда тасдиқ нашудааст.
Ба ҷуз аз фурӯ рехтани як бинои фарсудаи ғайриистиқоматӣ дигар зарар нарасидааст. 240 шаҳрванди ҷумҳурӣ асосан дар натиҷаи ваҳму воҳима ҳангоми гурехтан ё аз хонаҳояшон берун ҷаҳидан ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи аввалин зилзилаи шадид беш аз 130 пасларза бо шиддатҳои гуногун ва ҳатто то 4,9 дараҷа ба амал омад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






