Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамкориро рушд медиҳанд

Апрель 2, 2025 18:44

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар доираи Муколамаи минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҳти унвони «Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа» вохӯрии ширкатҳои сайёҳии ин давлатҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ширкатҳои сайёҳӣ тақвияти ҳамкорӣ, таҳияи хатсайрҳои сайёҳии муштараки минтақа, масъалаи бастани созишномаҳо ва табодули таҷрибаро баррасӣ намуданд.

Дар муколама ширкатҳои сайёҳии ватанӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд тур», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Куҳандиз», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикистон Тревел», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон меҷестик тревел», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Бӯстон» иштирок намуда, барои рушди ҳамкории минбаъда ширкатҳояшонро ба ҳамтоёнашон муаррифӣ намуданд.

Инчунин дар ин рӯз ҳайатҳои расмӣ ва бахшҳои хусусии соҳаи сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Хуҷандро тамошо намуданд.

Меҳмонон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки яке аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ аст, бо  таъриху фарҳанг ва санъати меъмории халқи тоҷик шинос гардиданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 2, 2025 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид