Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол кард

Апрель 2, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Дабирхонаи кулли Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд,  истиқбол намуда, дар ин бора изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар изҳороти Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ чунин омадааст: «Ҷаноби олӣ Ҷосим Муҳаммад Албудайви Дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) аз Эъломияи Хуҷанд дар бораи таҳкими роҳҳои дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин аз Шартнома дар бораи муайян намудани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, ки рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, истиқбол намуд.

Ҷаноби Дабири кулл ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки муайян кардани нуқтаи пайвастшавии сарҳадии муштарак як гардиши таърихӣ чиҳати поён додани саҳифаи баҳсҳои марзӣ ба ҳисоб рафта, асоси роҳандозии муносибатҳои стратегӣ ба хотири таъмини амнияту субот ва тавсеаи ҷанбаҳои рушду шукуфоӣ ба нафъи мардумони онҳо хоҳад буд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Апрель 2, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид