СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ. Бо ташаббуси онҳо дар Хатлон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат вазифадор шудаанд, ки зимни пешбурди корҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд. Дар ин робита имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 16 муассисаи томактабии давлатӣ ва хусусӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 1 адад, Ҳамадонӣ 1 адад, Қубодиён 2 адад, Данғара 3 адад, Темурмалик 4 адад, дар умум 11 муассисаи томактабии давлатӣ идома дорад. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Данғара, Темурмалик ва Муъминобод 1-ададӣ муассисаҳои хусусии томактабӣ сохта мешаванд.
Тавре мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамзода иброз намуд, омӯзиши барвақтии кӯдакон ба гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.
Бунёди ин муассисаҳо дар доираи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ки ҳадаф аз татбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад, ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ин Барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.
Ба андешаи Фаррух Ҳотамзода, дар сохтмони иншооти соҳаи маориф соҳибкорони вилоят ташаббуси ватанпарварона нишон дода, дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо саҳми босазо мегузоранд.
Ин муассисаҳо низ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, давоми сол ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабии хусусии шаҳри Бохтар, ки дар маҳаллаи Зархез аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назриев барои 4 гурӯҳ сохта мешавад, 100 нафар тарбиятгирандаро фаро мегирад.
Инчунин сохтмони муассисаи томактабии хусусии ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкор Ҷумабек Исоев дар деҳаи Айруботи Ҷамоати деҳоти Айрубот барои 6 гурӯҳ ва 200 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Дар ҷамоати Танобчии деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкорон Хусрав Каримзода ва Искандар Каримзода муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода мешавад.
Аз ҷониби соҳибкор Муҳаммаднодир Каримов дар ҷамоати шаҳраки Чорсуи ноҳияи Муъминобод муассисаи томактабии хусусӣ барои 300 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкоиӣ ватанӣ муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда ба истифода дода мешавад.
Дар айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар умум 177 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 18 ададаш муассисаҳои томактабии хусусӣ мебошанд. «Фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар вилояти Хатлон 24,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳо дар умум 905 гурӯҳ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 21 ҳазору 319 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд», -иброз дошт Фаррух Ҳотамзода.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон 1268 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 4077 гурӯҳ фаъолият дошта, дар онҳо 84 ҳазору 144 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ 105 ҳазору 463 нафар кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид






