СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ. Бо ташаббуси онҳо дар Хатлон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ идома дорад

Апрель 25, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат вазифадор шудаанд, ки зимни пешбурди корҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд. Дар ин робита  имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 16 муассисаи томактабии давлатӣ ва хусусӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 1 адад, Ҳамадонӣ 1 адад, Қубодиён 2 адад, Данғара 3 адад, Темурмалик 4 адад, дар умум 11 муассисаи томактабии давлатӣ идома дорад. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Данғара, Темурмалик ва Муъминобод 1-ададӣ муассисаҳои хусусии томактабӣ сохта мешаванд.

Тавре мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамзода иброз намуд, омӯзиши барвақтии кӯдакон ба гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.

Бунёди ин муассисаҳо дар доираи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ки ҳадаф аз татбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад, ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ин Барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Ба андешаи Фаррух Ҳотамзода, дар сохтмони иншооти соҳаи маориф соҳибкорони вилоят ташаббуси ватанпарварона нишон дода, дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо саҳми босазо мегузоранд.

Ин муассисаҳо низ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, давоми сол ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабии хусусии шаҳри Бохтар, ки дар маҳаллаи Зархез аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назриев барои 4 гурӯҳ сохта мешавад, 100 нафар тарбиятгирандаро фаро мегирад.

Инчунин сохтмони муассисаи томактабии хусусии ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкор Ҷумабек Исоев дар деҳаи Айруботи Ҷамоати деҳоти Айрубот барои 6 гурӯҳ ва 200 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Дар ҷамоати Танобчии деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкорон Хусрав Каримзода ва Искандар Каримзода муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода мешавад.

Аз ҷониби соҳибкор Муҳаммаднодир Каримов дар ҷамоати шаҳраки Чорсуи ноҳияи Муъминобод муассисаи томактабии хусусӣ барои 300 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкоиӣ ватанӣ муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда ба истифода дода мешавад.

Дар айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар умум 177 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 18 ададаш муассисаҳои томактабии хусусӣ мебошанд. «Фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар вилояти Хатлон 24,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳо дар умум 905 гурӯҳ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 21 ҳазору 319 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд», -иброз дошт Фаррух Ҳотамзода.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон 1268 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 4077 гурӯҳ фаъолият дошта, дар онҳо 84 ҳазору 144 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ 105 ҳазору 463 нафар кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 25, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд