Сокинони ноҳияи Панҷ дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка кишт намудаанд

Апрель 14, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Уроқ» фаъолият менамояд, ки дорои 14 гектар замин мебошад. Дар 13 гектари он пунбадонаи зери плёнка ва дар заминҳои боқимонда картошка, помидор ва бодиринг кишт намудаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сокинони ин ноҳия дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигияшон бештар  картошка кишт намуда, ҳамсола то ду-се ҳосил ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ноҳия замин самаранок истифода бурда мешавад.

Дар ноҳия инчунин Кооперативи тиҷоратии тухмипарварӣ фаъолият менамояд. Кооператив дорои 1341 гектар замин буда, дар 700 гектари он имсол чигит кишт карда мешавад. Кишоварзон аз тухмии навъҳои «Лазер», «Дӯстӣ», «Элита» ва «Лотос» истифода менамоянд.

1044 гектар заминҳои хоҷагиро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Имсол ба ғайр аз пунбадона дар 453 гектар ғалла, дар 26 гектар сабзавот, дар 16 гектар пиёз, дар 13 гектар картошка ва дар 17 гектари дигар зироати хӯроки чорво кишт шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 14, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд