Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 153,4 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин матлабро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни мамлакат баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки рушди иқтисод асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз ва боркашонӣ 11,5 фоиз маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки сатҳи таваррум соли 2024 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8 фоиз ташаккул ёфтааст.
Ташкилоти байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён муқаррар карда шудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






