«Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Красноярск-Душанбе барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 14 апрели соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе — Красноярск – Душанбе парвозҳои мунтазамро фаъол мегардонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 13:30, аз Красноярск соати 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа буда, дар самти баргашт 4 соатро ташкил медиҳад.
Барқарор шудани парвозҳо байни Душанбе ва Красноярск чун кӯшиши ширкати «Сомон Эйр» барои тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистон ва Русия маънидод мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






