Созмони Милали Муттаҳид (ЭСКАТО) қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи «Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъғйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи Қатънома ҷонибҳо аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва нишасти минтақавии тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2026 истиқбол намуда, аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои мазкур даъват карданд.
Ҳамзамон қатъномаи мазкур Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф шудани 21 март ва баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун имкони мусоид дар таҳкими ҳамдилии байналмилалӣ номидааст.
Мавриди таъкид аст, ки қабул гардидани ташаббуси мазкур нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.








Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






