Таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Тотористон баррасӣ гардид

Апрель 3, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрӣ намуд.

​Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия муносибатҳо байни минтақаҳои ду давлат дар ҳоли тавсеа қарор дошта, мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад.

​Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва дигар бахшҳои афзалиятнок баён карданд.

​Тазаккур дода шуд, ки дар доираи ин сафар Раиси Ҷумҳурии Тотористон бо фаъолияти якчанд корхонаи саноатии Суғд шинос гардида, бо соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилоят вохӯрӣ анҷом медиҳад.

​Ҳамчунин доираҳои тиҷоратии ду ҷониб дар бизнес-форум роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навро баррасӣ менамоянд.

​Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии мулоқот густариши равобит ва дарёфти имконоти нав барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тотористон мебошад. Ин тадбир идомаи мантиқии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия буда, ба таҳкими робитаҳои стратегӣ ва шарикии иқтисодии ду ҷониб мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 3, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид