ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, шанбе, 102-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 12, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1961 нахустин маротиба дар  ҷаҳон кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз анҷом дод.

***

Дар ин рӯзи  соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.

***

12 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли  2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.

***

12 апрели соли 2016  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ҷаласаи шонздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

12 апрели соли 2018 Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Узбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни  якдигар ба  мувофиқа расиданд.

***

12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе  бо иштироки ширкатҳои Федератсияи Русия таҳти унвони «Усулҳои пешқадам ва технологияҳои ҳифзи иттилоот» машварат доир гардид.

***

12 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

***

12 апрели соли 2023 ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Санкт-Петербург сафар намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

12 апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд.

12 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон.

***

Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони илм.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Баҳодур Искандаров -соли 1912— олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино

***

Ибодулло Файзулло — соли  1935— нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ, аъзои  Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон.

Апрель 12, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш