Татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ асоси пешрафти босуръати иқтисоди миллӣ

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул гардид, ки татбиқи пурра ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад. Имрӯз воқеан ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат менамояд.
-Ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт менамояд ва натиҷаҳои илмии олимону пажуҳишгарон бештар дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Мо ҳоло мушоҳида менамоем, ки илму техника бо суръати баланд рушд менамояд ва инсон бештар талош мекунад, то зиндагии хешро бо истифода аз илму технология осонтар созад.
Ҳамин аст, ки ҳар кишвари пешрафта барои иҷрои ин миссия мусобиқа мекунад ва мо мебинем, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала муваффақ низ ҳастанд. Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону андешаварон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷа додааст ва он ҳам натиҷаи хуб. Яъне, инсоният ҳамеша талош менамояд, то дар умри хеш аз воситаҳои ёрирасон ва ба зиндагӣ мусоидаткунанда истифода барад ва ҳар ихтирои ӯ дар ин самт хуш пазируфта мешавад. Зеро ба чизи нав ҳамеша ниёз ҳаст. Зеҳни сунъӣ дар маҳфилҳои илмии тоҷикон бо ёдшуди ибораҳои дигар ҳанӯз солҳои 60-ум мавриди баррасӣ қарор дошт ва айнан вазифаи имрӯзааш баррасӣ мешуд, яъне тақлид ба зеҳни инсон. Зеҳни сунъӣ бар инсоният хатар надорад, чунки вазифааш хизмат расонидан бар инсоният мебошад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёту дигар соҳаҳо борҳо гуфта гузаштанд ва ин зарурати ҳаётӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд. Албатта, ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дарпешистода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ҷузъи таркибии рушди иқтисоди кишварҳои мо мебошад. Мо дар Тоҷикистон барои марҳала ба марҳала рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва тиҷорат саъю талоши зарурӣ ба харҷ дода истодаем. Консепсия ва Барномаи рушди «иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд. Пешниҳод дорем, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо барои рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ҳарф зада, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъиро муҳим хонданд. Яъне, истифодаи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт ин соҳаро боз ҳам тараққӣ бахшида, натиҷаҳои баланд ба даст меоварад. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ».
Дар баробари ин барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат имсол бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Ҳаминро илова намудан зарур аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ихтисоси зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст. Омӯзгорони соҳа дар Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба зеҳни сунъӣ аз такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамчунин Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – zypl.ai доимо дар ҳамкорӣ буда, мутахассисонро пайваста барои малакаи касбӣ ва такмили дониш мефиристад.
Феълан дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки пурра бо технологияҳои ҳозиразамон таъмин мебошад.
Воқеан, рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд.
Татбиқи стратегияи зеҳни сунъӣ дар мамлакат маърифати рақамии ҷомеаро баланд бардошта, ҳамаи соҳаҳоро як зина баландтар рушд медиҳад.
Истифода аз имконияти зеҳни сунъӣ саҳмгузорӣ дар рушди технологияи муосир мебошад.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон