«Тоҷикаэронавигатсия» ба зиёда аз 14 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи барқарор гардидани иҷрои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои он дар фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 14 ҳазору 868 киштии ҳавопаймоӣ хизмат расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».
Сабаби асосии афзоиши парвозҳо амалӣ гардидани парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ мебошад. Дар ин давра 9 ҳазору 578 парвози транзитӣ анҷом дода шуд.
Тибқи нақша, мутахассисони корхона ҳамзамон чорабиниҳои мунтазам оид ба барқарор намудани воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва дигар воситаҳои техникӣ гузарониданд. Дар ин давра дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии Маркази метеорологии авиатсионӣ тибқи низоми «TAF» 90 фоизро ташкил дод.
Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо ва такмили донишу малакаи мутахассисон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






