«Тоҷикаэронавигатсия» ба зиёда аз 14 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст

Апрель 23, 2025 16:27

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи барқарор гардидани иҷрои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо соли  равон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои он дар фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 14 ҳазору 868 киштии ҳавопаймоӣ хизмат расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».

Сабаби асосии афзоиши парвозҳо амалӣ гардидани парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ мебошад. Дар ин давра  9 ҳазору 578 парвози транзитӣ  анҷом дода шуд.

Тибқи нақша, мутахассисони корхона ҳамзамон чорабиниҳои мунтазам оид ба барқарор намудани воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва дигар воситаҳои техникӣ  гузарониданд. Дар ин давра дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии Маркази метеорологии авиатсионӣ тибқи низоми «TAF»  90 фоизро ташкил дод.

Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо ва такмили донишу малакаи мутахассисон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

         АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 23, 2025 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд