Тоҷикистон дар Абузабӣ шоми бошукуҳи сармоягузорӣ доир менамояд

Апрель 4, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрели соли 2025 дар Абузабӣ- пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест».

Ин нахустин шоми бошукуҳи сармоягузорӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷониби Тоҷикистон мебошад.

Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намоянд.

Ҳадаф ва миқёси ҳамоиш бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба бозори ҷаҳонии сармоягузорӣ ворид мешавад.

Қолаби нави муколамаи байналмилалӣ

Ташаббускорони ин ҳамоиш Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» мебошанд. Ҳадафи ин ҳамоиш на танҳо шинос кардани сармоягузорон бо иқтидори иқтисодии Тоҷикистон, балки боз намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории минтақаи Халиҷ мебошад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ташаккул ва татбиқи сиёсати сармоягузории мамлакат нақши калидӣ дорад. Кумита барои фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии сармоягузорон дар ҳамаи марҳилаҳои ҳамкорӣ масъул аст. Аз тарафи дигар, «Тоҷинвест» бо принсипи «равзанаи ягона» фаъолият намуда, сармоягузоронро бо тамоми хизматҳои зарурӣ- аз машваратҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ то дастгирии молиявӣ ва маъмурӣ таъмин менамояд.

Шоми бошукуҳи сармоягузорӣ на танҳо вохӯрии тиҷоратӣ, балки рамзи муҳим хоҳад буд — он омодагии Тоҷикистонро барои муколамаи стратегӣ бо бузургтарин сармоягузорони минтақа нишон медиҳад. Дар ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳо, бунёдҳои сармоягузорӣ, корпоратсияҳои байналмилалӣ, расонаҳо ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок менамоянд.

Имконият барои сармоягузорон

Дар қисмати расмии ҳамоиш лоиҳаҳои калидии сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, молия ва бонкдорӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва саноати нассоҷӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба рушди устувор равона карда мешавад. Тоҷикистон дар бахшҳои энергияи «сабз», саноати кӯҳӣ ва туризм имконияти васеъ дорад. Сармоягузорон метавонанд аз 240 кафолат ва имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 100 сабукии андозӣ ва гумрукӣ баҳра баранд.

Иштирокчиёни ҳамоиш бо мисолҳои мушаххаси лоиҳаҳои муваффақи сармоягузорӣ шинос хоҳанд шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба сармоягузорон дастгирии ҳамаҷониба, механизмҳои шаффофи ҳамкорӣ ва эътимод ба ҳифзи сармояи онҳоро пешниҳод менамояд.

Як қадами стратегӣ ба ояндаи сармоягузорӣ

Шоми бошукуҳи сармоягузорӣ дар Абузабӣ танҳо як муаррифӣ нест, балки он қадами муҳими стратегӣ дар тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳамоиш барои ташкили ҳамкории дарозмуддат, ҷалби лоиҳаҳои нав ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сармоягузорӣ нақши калон дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 4, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд