Тоҷикистон Эронро аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна медонад
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкории бештар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин кишвари бо мо дӯсту ҳамзабонро яке аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ менамояд. Ин нукта дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Душанбе иброз гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки
Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа иброз дошт, ки гардиши савдои дуҷониба байни давлатҳо дар се моҳи соли равон 110,6 миллион долларро ташкил намуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар назар аст. Дар доираи он ҳамкории дуҷониба боз ҳам тақвият меёбад.
Алӣ Наҷафӣ ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро истиқбол намуда, иброз дошт, ки санади мазкур на танҳо барои ин кишварҳо, балки барои минтақа низ аҳамияти хеле муҳим дорад.
Изҳори умед карда шуд, ки бо иродаи қавии роҳбариятии олии давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар дар оянда низ таҳкиму тавсеа меёбанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






