Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар дурнамои ҳамкории ЭКО ба самтҳои савдою сармоягузорӣ ва иқтисоди «сабз» афзалият дода шавад

Апрель 29, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) 33 фоизро ташкил дод. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО соли 2024 нисбат ба соли 2023 18 фоиз афзудааст. Ин нуктаро  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Завқӣ Завқизода дар аввалини Форуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба рушди устувор, ки дар   шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор гардид, иброз дошт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо назардошти пайомадҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обии минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгирии ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор менамояд. Вобаста ба ин аз ҳамаи кишварҳои ЭКО даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини рушди устувор ва ба ин васила ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олии ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин замина Тоҷикистон дар даҳ соли охир, яъне марҳилаи аввали татбиқи ин стратегия рушди устувори иқтисодиро бо ҳисоби миёнасолона 7,5 фоиз таъмин намуд ва танҳо  соли 2024 ин нишондиҳанда 8,4 фоиз афзоиш ёфт.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Дурнамои навбатии ЭКО барои солҳои 2026-2035 ба ҳамкорӣ дар самтҳои савдо ва сармоягузорӣ, рушди “сабз”, аз ҷумла энергияи “сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайвастшавии нақлиётиву логистикӣ афзалият дода шавад.

ЭКО соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ давлат — Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистонро муттаҳид мекунад. ЭКО ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо бо ҳадафи рушди устувор ва афзунсозии суботи минтақавӣ равона шудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 29, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст