Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи бойгонӣ тақвият медиҳанд

Апрель 9, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ  байни Тоҷикистон ва Узбекистон рушд меёбад. Ин масъала  зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Агентии «Узархив»-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Улуғбек Юсупов дар шаҳри  Тошканд баррасӣ  гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон  масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамсояро баррасӣ намуда, омодагии худро барои рушди муносибатҳои дӯстона изҳор намуданд. Инчунин муаррифии бойгонии Ҷумҳурии Узбекистон «Узархив», ки бо технологияҳои муосири замонавӣ пайваст шудааст, манзур гардида, дар ин самт мубодилаи афкор доир шуд.

Ҷониби Узбекистон омодагии худро барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои муҳими таърихии охири асри XIX ва аввали асри XX изҳор намуд. Дар оянда олимону муҳаққиқони ҳар ду давлат метавонанд аз ганҷинаи нодири санадҳо, ки дар бойгониҳои Узбекистон маҳфуз мебошанд, истифода намоянд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 9, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд