Туркияро сармои шадидтарин ва барои ҳосили зироат хатарноктарин фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2014 инҷониб маротибаи аввал дар Туркия сармои фалокатбортарин барои зироат ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Агентии иттилоотии Русия «Новости» бо истинод ба изҳороти вазири кишоварзӣ ва ҷангали Туркия Иброҳим Юмаклӣ иттилоъ додааст.
«Аз 10 то 12 апрел дар якчанд минтақа ҳаво то 15 дараҷа сард шуда, дар баъзе минтақаҳо пасттарин ҳарорати ин мавсим дар 30 соли охир сабт гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи ин обу ҳаво мо бори аввал аз соли 2014 инҷониб сардиҳои шадиди барои ҳосилнокӣ фалокатборро аз сар гузаронидем», — навиштааст Иброҳим Юмаклӣ дар шабакаи иҷтимоии Х.
Ба иттилои Иброҳим Юмаклӣ, кормандони вазорат кишоварзонро дастгирӣ ва аллакай хисороти расидаро ҳисоб менамоянд.
Ҳафтаи равон дар аксари вилоятҳои Туркия ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борид.
Тибқи ҳисобҳои хабаргузории «Анадолу», сармои шадид аз 81 вилояти Туркия ба ҳосили 36 минтақа зарар расонидааст.
Аз ҷумла, аз ҳама бештар ба дарахтони зардолу дар вилояти шарқии Малатия, ки ҳарорати ҳаво дар онҷо то 7 дараҷа поин рафтааст, зарар расидааст,-иттилоъ додааст мири шаҳр Самӣ Эр. Дар вилоятҳои Измир, Денизли ва Маниса токзор, дарахтони себ, гелос ва зардолу зарари ҷиддӣ дидаанд.
«Дар вилояти Қаҳрамонмараш ҳарорати ҳаво аз 13 дараҷа поин рафта, дарахтони себ, биҳӣ, чормағз, бодом, гелос, зардолу, писта ва зайтун зарар дидаанд»,- хабар додааст Раёсати кишоварзии маҳаллӣ ба агентӣ.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






