Вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон дар мулоқот бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Вашингтон мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон, дурнамои рушди минбаъда, таҳкими устувории молиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд.
Ҷиҳад Азур омодагии Хазинаи байналмилалии асъорро барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд бо Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва мусоидат дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ баён намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






