Вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон дар мулоқот бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА баррасӣ шуд

Апрель 23, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  22 апрел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Вашингтон мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон, дурнамои рушди минбаъда, таҳкими устувории молиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд.

Ҷиҳад Азур омодагии Хазинаи байналмилалии асъорро барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд бо Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва мусоидат дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ баён намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид