Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати байналмилалии машваратии Alvarez & Marsal мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Вашингтон дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарияти ширкати байналмилалии машваратии Alvarez & Marsal баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди буҷетӣ ва татбиқи қарорҳои муосир дар соҳаҳои маъмурикунонии андоз ва гумрук баррасӣ намуданд.
Роҳбарияти ширкати Alvarez & Marsal барои мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва пешниҳоди қарорҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуд.
Бояд гуфт, ки Alvarez & Marsal ширкати машваратии байналмилалӣ буда, дар самтҳои беҳтарсозии фаъолияти ширкатҳо, идоракунии буҳронҳои молиявӣ, тандурустӣ, энергетика ва бахши давлатӣ фаъолият мекунад.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки муколамаро идома дода, имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои гуфташуда баррасӣ намоянд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






