Вобаста ба ҳамкории илмӣ дар фазои АвруОсиё форуми байналмилалӣ доир шуд

Апрель 11, 2025 10:51

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи  Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) таҳти унвони «Ҳамкории илмӣ дар фазои АвруОсиё: рақамикунонӣ ва модернизатсияи саноат бо истифода аз зеҳни сунъӣ» форуми байналмилалӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар форум меҳмонони хориҷию дохилӣ ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ иштирок намуда, маърузаҳои маҷозӣ низ шунида шуданд.

Қабл аз оғози форум меҳмонон бо дастовардҳои илмӣ, истеҳсолӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  шинос шуданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода изҳор намуд, ки ин форум барои дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод шуда, дар он солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд, равона шудааст.

Ҷаҳони кунуниро бе рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бояд донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмӣ барои табодули донишу таҷриба ва дастовардҳои илмию инноватсионӣ робитаҳои илмӣ намоянд, то тавонанд ба ҳадафҳои гузоштаашон ба осонӣ даст ёбанд. Маҳз ташкили форум барои мубодилаи донишу таҷриба ва баҳсҳои илмӣ дар фазои АвруОсиё кумак менамояд.

Иброз гардид, ки дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва коршиносон аз Италия, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Латвия иштирок намуданд. Фазои фарогирии маърузаҳои илмии аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодшуда беш аз 30 вилояту шаҳр, аз ҷумла: Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Тошканд, Бухоро, Намангон, Фарғона, Қазон, Иваново, Пятигорск, Москва, Падова (Италия), Брест, Могилев, Гомел, Алмато, Остона, Бишкек, Ӯш ва дигар марказҳои илмиро дар бар мегирад.

Форум барои донишгоҳҳои иштирокдори минтақаи АвруОсиё дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва стратегӣ мебошад. Воситаи муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ, саноат ва технологияҳои инноватсионӣ дар таълимгоҳҳои мухталиф истифодаи зеҳни сунъӣ дар баробари муаммоҳо ва имконияти рушди илмӣ-техникӣ мебошад. Баргузории он на танҳо платформаи мубодилаи дониш ва таҷриба аст, балки василаи муҳиме барои тақвияти равобити байналмилалӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Меҳмонон ин форумро хеле муҳим арзёбӣ намуда, онро фазои мусоид барои ҳалли масоили илмию таълимӣ, табодули таҷриба ва густариши самти рақамикунонӣ, модернизатсия ва зеҳни сунъӣ номиданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад