Вобаста ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд

Апрель 3, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», (2018-2028), Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик фурсати хубе барои табодули андешаю дастовардҳои илмии ҳайати олимони академия ва таҳрикбахш дар ростои машғул шудан ба пажуҳишҳои илмӣ мебошад. Ба хотири боз ҳам беҳтар гузаронидани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуданд. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Имрӯз маводи олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сомонаи РИНС ворид карда шудаанд. Дар маҷмуъ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.

Иқдоми наҷиб — Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 ба дурнамои неки рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи конференсия вобаста ба мавзуъҳои тахассусӣ маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст