Вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи илмӣ доир шуд

Апрель 12, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни конференсия иброз гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа буда, нақши он барои расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Инчунин дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии халқи тоҷик мебошад.

Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба масъалаи мавриди назар аз он дидгоҳ наздик мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фаъолияти давлат, сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамоянд. Дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст.

Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат бояд байни ҷомеаи шаҳрвандиву ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа восита бошад, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Иштирокчиёни конференсия дар мавзуи «Доир ба баъзе вижагиҳои публитсистикаи тоҷик дар замони истиқлол», «Тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои публитсистикаи китобии Хатлон»   ибрози назар намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Апрель 12, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд