Вохӯрии роҳбарони агентиҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Бостонов ва Директори генералии КД «Қирғизаэронавигатсия» Торокелди Омуров баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани хатсайрҳои нав ба самти Душанбе – Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл, таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти авиатсионӣ, инчунин рақобатпазир сохтани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баъд аз анҷоми мулоқот, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расид.
Бояд таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат нақши муассир мегузорад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






