Зарардидагони заминларзаи водии Рашт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд
РАШТ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 апрел баъди рух додани заминларза комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд, вобаста ба супориши Сарвари давлат таҳти сарпарастии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода субҳи 14 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки гурӯҳи кории ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири кишвар барои таъмини зарардидагони зилзила бо маводи ғизоӣ, дастрасӣ ба хаймаҳои муваққатӣ, барқу гармӣ, табобати осебдидагон ва ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоӣ аз масъулин иҷрои саривақтӣ ва бетаъхири дастуру супоришҳои Пешвои миллатро талаб намуда, изҳор дошт, ки тибқи ин дастуру супоришҳо зарари расида бояд дар муҳлати кӯтоҳ барқарор карда шавад.
Дар айни замон зарардидагони ин офати табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, роҳҳои маҳаллӣ пурра барқарор карда шудаанд. Сокинони аз офати табиӣ зарардида бо хаймаҳо таъмин гардида, комиссияҳои корӣ ба онҳо мунтазам кумакҳои ғизоию моддӣ ва равонию тиббӣ мерасонанд.
Тибқи супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷм ва воситаҳои расонидани кумак ба мардуми зарардида ва бартараф намудани пайомадҳои ин офати табиӣ бояд зуд муайян карда шуда, барои бартараф намудани мушкилот корҳо суръат бахшида шаванд. Вобаста ба иҷрои супоришҳо комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷму намудҳои кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида машғул мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт













Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






