35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода панҷ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
ТУРСУНЗОДА, 02.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба созандагию бунёдкорӣ машғул шуда, иншооти гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд. Бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз ин ҷумла аст.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳаи Ортиқ Ҷумаев тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 22 синфхона иборат буда, барои 864 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар айни замон саҳни бинои иловагии муассиса тахту ҳамвор гардида, корҳо дар самти бунёди таҳкурсии он идома доранд.
Ҳамчунин бинои муассисаи таълимии нав дар деҳаи Саттор Раҷабов аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона мебошад. Ҳоло устоҳои маҳаллӣ ва сокинони деҳа қисми зиёди корҳоро ба анҷом расонида, боми онро мепӯшонанд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кӯшиш доранд, ки ҳарчи зудтар ин муассисаҳои таълимиро сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода Низом Саидзода иброз дошт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод бунёди 41 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 32 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон идома дорад. Аз 41 иншооти нақшавӣ 5 адад муассисаи таълимӣ буда, барои зиёда аз 3000 хонанда бунёд мегарданд.
Иншооти боқимонда муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаи истеҳсолӣ ва пулҳо буда, роҳҳои маҳаллӣ низ мумфарш карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






