Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 май таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чон Сун Сик аввалин ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамкории Тоҷикистону Корея заминаи устувор фароҳам овардааст. Маҳз бо шарофати ин сиёсати хирадмандона сатҳи эътимоди мутақобил боло рафта, шароити мусоид барои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам гардидааст.
Ҷумҳурии Корея шарики боэътимод ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ бо ин кишвар дар даҳсолаи охир босуръат рушд намуд. Лоиҳаҳои сармоягузории он ба беш аз 73 миллион доллар расидаанд.
Зимни ҷаласа аз ҷониби Завқӣ Завқизода муҳиммияти тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) таъкид гардида, пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба сармоягузорӣ ва инфрасохтори лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси Маркази рақамии хизматрасониҳо дар назди вазорат, сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои дурдаст, бунёди гармхонаҳои муосир, мустаҳкамсозии соҳил ва идоракунии обёрӣ, бунёди маркази омӯзиши фаннӣ ва техникии соҳаи нассоҷӣ, таъсиси парки саноатии муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди логистикаи содиротӣ ва рушди илму таҳқиқот манзур карда шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






