Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 02.05 2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ хонум Сандра Стейскал Мари мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Қобилҷон Хушвахтзода ба намояндаи агентӣ иброз дошт, ки «мо аз ҳамкории дарозмуддат бо Шумо шодем ва миннатдории худ ва олимони академияро ба Шумо мерасонем. Зеро чанде қабл Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба сифати Маркази ҳамкории минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ расман эътироф гардид».
Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин боиси ифтихори аҳли илм аст.
Иброз гардид, ки ҳафтаи қаблӣ сохтмони бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии академия дар вилояти Хатлон оғоз гардид. Он метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани кор ва тақвияти он дар минтақа роҳ кушояд. «Мо боварӣ дорем, ки барои ба истифода додани ин бино Агентӣ ба мо кумак мерасонед. Ҳамчунин омода ҳастем, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ташаббусҳои минтақавиро мизбонӣ намоем ва дар татбиқи васеи ҳадафҳои «Атом барои сулҳ ва рушд» саҳм гузорем»,- иброз дошт Қобилҷон Хушвахтзода.
Хонум Сандра Стейскал Мари оид ба ҳамкорӣ ва пешравиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «аз ҳамкорӣ бо Шумо шодам. Дар оянда низ мехоҳам, ки ҳамкориамон рушд ёбад ва дар омоданамоии мутахассисони ҷавон дар самти саратоншиносӣ кӯшишҳои якҷоя ба харҷ диҳем».
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






