Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо муовини Раиси Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Абулфазл Акбарпур дар шаҳри Шероз баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла такмили механизмҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо ва қочоқ, содагардонии расмиёти гумрукӣ дар чаҳорчӯби густариши тиҷорати хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои таҳкими ҳамкории амалӣ, рушди мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва ҳамоҳангсозии чораҳо дар амалиёти назорати гумрукӣ омодагии комил доранд.
Инчунин мусоҳибон зарурати таҳкими ҳамкории амалии гумрукиро таъкид карда, барои татбиқи иқдоми мушаххас ба манзури сода ва муассир гардонидани расмиёти гумрукӣ ва рушди тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат ба мувофиқа расиданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






