Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши радиомониторинг тақвият меёбад

Май 2, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи таҷрибаи корҳои ченкунӣ дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад  дар Ҷумҳурии Узбекистон ва табодули таҷриба дар соҳаи радиомониторинг 1 май  зимни вохӯрии намояндагони Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ гардид.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ташкили системаҳои идоракунии радио,  навъҳои воситаҳои техникӣ ва омӯзиши асбобҳои дар кори ченкунӣ истифодашаванда, ташкили фаъолияти назорати радиоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, сиёсати кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисон,  қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ гардид.

Барои арзёбии вазъи электромагнитӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Узбекистон тадбирҳои дахлдор андешида шуда, инчунин барои табодули таҷрибаи мутахассисони ҷонибҳо дар корҳои ченкунӣ дар соҳаи алоқа заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷонибҳо вобаста ба тақвият додани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб ибрози назар намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 2, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид