Байни Тоҷикистон ва Корея оид ба рушди соҳаи геология Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, намояндагони соҳаи геологияи Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим «INFOCM 2025» иштирок доранд.
Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин форум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институт оид ба илми Замин ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳадафи имзои ин ҳуҷҷати расмӣ табодули дониши илмӣ, техникӣ ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ оид ба заминшиносӣ дар соҳаи илми геологии Тоҷикистон ва Корея мебошад. Он метавонад муносибатҳои иқтисодӣ ва техникии тарафҳоро мустаҳкам намояд. Инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ метавонад ба тараққиёти илму техника ва баланд бардоштани малакаю дониши мутахассисони ҳарду ҷониб мусоидат намояд.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо инчунин самтҳои тасвирбардории геологӣ ва харитасозии геологӣ, аз ҷумла таҳқиқоти геохимиявӣ ва геофизикии конҳои канданиҳои фоиданок, таҳқиқоти геофизикӣ барои баҳодиҳии захираҳои геологӣ, таҳқиқот оид ба муайян кардани нишондиҳандаҳои иктишофӣ ва пайдоиши маъданҳои муҳим, омӯзиши хатарҳои геологӣ, таҳқиқоти минералогӣ барои минералҳои муҳиму стратегӣ ва таҳқиқи муҳити зисти обҳои зеризаминиро амалӣ менамоянд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






