«БАРОДАРОН, БА МОДАРИ ВАТАН ВАФО КУНЕМ…». Ва ё Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар таърих ҳамто набуд!

ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нақши абадӣ барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Барои ҳифзи хонаву дар ва нангу ном тамоми мардуми шуравӣ ба по бархост. Аз ҷумҳурии мо, ки он вақт ҳамагӣ 1 560 000 нафар аҳолӣ дошт, беш аз 300 ҳазор нафар, яъне, ҳар шашумин кас равонаи набардгоҳ шуд. Дар рӯзи аввали ҷанг 6000 нафар ариза дода, майли ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафтан карданд, ки ҳар даҳумини онҳо, яъне, 600 нафарашон занон буданд. Чунин ибрози назар намуд ба АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим.
— Аз ҳисоби онҳое, ки уҳдадории ҳарбӣ доштанд, 7 баталион, 30 рота, 92 взводи ҷангӣ мураттаб карда, ба фронт фиристода шуд. Яъне, набарди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо Олмон аз оғоз дар ҳақиқат ба ҷанги умумихалқӣ табдил ёфт. Беш аз 100 000 нафар фиристодаи Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон фидо намуданд. 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро соҳиб шуда, 15 нафар бо дараҷаи ордени «Шараф», ки ҳамвазни ин унвон буд, мукофотонида шуданд. Аввалин гирандаи ордени Ленин аз байни аскарони шуравӣ низ тоҷикписар Муҳамммад Иброҳимов гардид. Дуюмин нафаре, ки шуҷоати Александр Матросовро такрор намуда, мили тӯпи душманро бо синаи худ пӯшид, зодаи Тоҷикистон Тӯйчӣ Эрйигитов буд. Барои ин корнамоӣ ӯ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ҳатто панҷ нафар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон либоси ҷангӣ ба тан карданд ва аз байни онҳо Комиссари халқии зироат Саидқул Турдиев сазовори баландтарин унвони он набард гардид. Яъне дар набардгоҳ ва ақибгоҳ касе аз он майдони нангу ном берун набуд.
Ҷои бародарону хоҳарони ба набардгоҳ ва корхонаҳои ҳарбӣ рафтаашонро ҳазорон нафар занону кӯдакони тоҷик гирифтанд. Дар оғози соли дуюми ҷанг аз номи меҳнаткашони Тоҷикистон барои аскарон 6 000 нимтана, 8 000 мӯза, 2 273 таҳпӯши гарм, 8 000 дастпӯшаки мӯина, 35 000 дастпӯшаки пашмӣ, 10 000 ҷӯроби пашмӣ, 15 000 шими пахтагӣ, 35 000 каллапӯш, 3 600 жемпер, 18 000 болопӯш, 10 000 кӯрпаи гарм ва 4 000 гарданбанд фиристода шуд. Ҳамчунин ба аскарони шуравӣ аз бародарону хоҳарони ақибгоҳии тоҷикашон 9 000 автомобил, 20 000 асп, 2 000 ароба, 115 трактор расид.
Халқи тоҷик 714 миллион рубли пасандозашро барои хариди техникаи ҳарбӣ бахшид, одамон ихтиёрӣ пулу мол, ашёи пурқимат ва коғазҳои пурбаҳояшонро барои бунёди танку самолётҳо доданд.
Дар Ҷанди дуюми ҷаҳонӣ ҳазорон гурезаҳо, занону кӯдакони ятими минтақаҳои ҷангзада дар Тоҷикистон, дар ҳар як хонадони тоҷик сарпаноҳи муътамад пайдо карданд. Инро аксари солхӯрдагони халқҳои русу украину беларус ёд доранд ва дар борааш бисёриҳо, бахусус журналистони маъруфи ҳақиқатбаён Владимир Рудолфович Соловёв ва Максим Леонардович Шевченко аз минбарҳои баланди телевизионҳои Русия бо ташаккуру миннатдорӣ баён кардаанд.
Воқеан, дар байни ба ақибгоҳ сафарбаршудагон гурӯҳе аз олимони машҳури физик низ буданд ва бо ҷаҳду талоши онҳо маҳз дар яке аз шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ба барномаи силоҳи атомии шуравӣ асос гузошта шуд.
Ҳанӯз то 1 январи соли 1942 29 госпитали ҳарбии шуравӣ бо 11 000 аскари захмӣ ба Тоҷикистон кӯчиданд. Пайванди инсонии мардумони миллатҳои гуногун дар он солҳои мудҳиш басе табииву самимӣ амалӣ мегардид. Дар бораи оилаҳои тоҷике, ки даҳҳо ятимбачаҳои минтақаҳои ҷангро ба оғӯши пурмуҳаббати хеш гирифтанд, бисёр хондаву шунидаем. Чунин пайвандҳо, табиист, ки дар фронт низ зиёд буданд.
Аз ҷумла ҳамяроқон Николай Яковлев ва Абдусамад Холмуродов аҳду паймон карданд, ки агар касе аз онҳо ҳалок бишавад, нафари барҳаёт насаби ӯро мегирад. Баъди набарди навбатӣ, ки бисёре аз ҳамяроқон, аз ҷумла Николай, ҳалок шуданд, вақте ки котиби ҳизбӣ ному насаби Яковлевро хонд, тоҷикписар Холмуродов аз саф берун шуд.
Ҳамҷабҳаҳо Қурбон Абдураҳмонови тоҷик ва Иван Фёдорови рус чунон ба ҳам унс гирифтанд, ки ҳҲатто Қурбон ба бародари ҳамтанаш Пӯлод навишта буд, ки акнун онҳо се бародаранд ва ҳангоме ки Иван қаҳрамонона ҳалок шуд, аҳли як деҳаи Тоҷикистон низ чун дар мотами як фарзанди азизи худ хун мегирист…
Ҷанг на танҳо иродаи миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шуравиро, ки зери мафҳуми халқи шуравӣ ба ҳам омада буданд, шикаста натавонист. Он бо санҷишҳои хунию ҷонии хеш эътиқоди инсонӣ ва бовари ватандӯстии онҳоро ба фардои халқу диёр бештар намуд.
Тасаввур кунед, ки ҷанги хунин дар авҷ аст, душмани хунхор ними мамлакатро гирифтааст, лекин дар як гӯшаи он бунёди Театри операю балет идома дорад. Дар он вақт бузургтарин адиби халқпарвару ватандӯсти тоҷик Садриддин Айнӣ ҳаққи зиёди қаламашро мебахшад, ки ин кохи ҳунар зудтар сохта шавад.
Ё худ, дар айни авҷи ҷанг ба маблағи 54 000 сӯм барои аскарон китоб фиристодани халқи тоҷик ҷуз эътиқод ба илму адаб ва эътимод ба руҳу равони муқтадири хеш чист? Барои мактаббачаҳои тоҷик дастрас кардани 15 000 нусха китобҳои дарсӣ оё нишонаи эътиқоду эътимод ба хешу фардои халқу диёри хеш нест? Воқеан, ин нукта дар манзумаи олии Муъмин Қаноат «Китобҳои захмин» бисёр муассир тасвир шудааст.
Дар воқеъ, адабиёт ва ҷанг, санъат ва ҷанг мавзуъҳои дигареанд, ки нуктаҳои басе ҷолибро баён карда метавонанд. Аз ҷумла, гурӯҳи бачаҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи театрии Москва мехонданд, баробари оғози ҷанг якдилона ба фронт рафтанд ва аксарашон барои Ватан ҷон доданд.
Зиёиёни тоҷик низ дар қатори халқи хеш дар наздик кардани Рӯзи Ғалаба нақши бузург доштанд. Онҳо ба хазинаи мудофиаи мамлакат 257 000 сӯм, барои бунёди «танкҳои тоҷикӣ» 11 000 сӯм, барои туҳфаҳо ба аскарон 90 000 сӯм ва ёрӣ ба ятимбачаҳои ҷанговарони ҳалокшуда 56 000 сӯм супориданд.
Адабиёти номвари шуравӣ дар ин набард гӯё лашкари дигаре буд, ки бо сухани ҳадафрас қалби душманро нишон мегирифту дили ҳамватанонро ба ғалабаи ногузир гармтар менамуд. Аз ҷумла, шоирони тоҷик барои руҳбаландии халқи муборизи советӣ шеъру достон ва суруду таронаҳои дилраси зиёде гуфтанд.
Яке аз нахустин адибоне, ки ҳамоно теғи қалам ба даст ба дифои Ватан бархост, устод Садриддин Айнӣ буд. Ӯ на танҳо даҳҳо мақолаву очерк ва рисолаву эссеҳои самимию оташин навишт, балки бо ашъори шуълавари ҳам фардӣ ва ҳам шарикӣ (дар ҳамдастӣ бо ҳамқаламони хеш) вазифаашро содиқона иҷро намуд.
Аз баҳри бақайдории таърихи чунин фатҳ
Айнӣ ба сар овард ба ин байт баёнро:
Овозаи фатҳу зафари пурраи мо, бин,
Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯи ҷаҳонро!
Устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки худ марди мубориз ва диловари майдони набарди ҳақиқату адолат ва садоқату саодати халқ буд, дар оғози ҷанг басе заминиву самимӣ ба мардум рӯ овард:
Бародарон, бародарон,
Бародарон, ба модари Ватан вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Ба душманон
мо амон намедиҳем,
Ба дигарон
хокамон намедиҳем, намедиҳем!
Устод Лоҳутӣ аз ақибнишинии ногузири Армияи Сурхи диловар дар аввали ҷанг навмед нагашта, онро рухдоди табиие мешуморад, чунки ҳуҷуми душман бар рағми паймони мавҷуд аҳдшиканона буд.
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки намояндаи «мактаби кӯҳна»-и шеърсароии мо аст, созгори табиати содаву беғаши хеш аз чизҳои одӣ сухан мегӯяд. Ӯ бо самимияти хос фазои замонро инъикос мекунаду эҳсоси ифтихору ватандӯстии хонандаро бар меангезад:
То ин ки занад бомб ба фарқи сари душман,
Садҳо ба фазоҳо зи замин айраплан хест.
Ҷунбид сафи танкаи пӯлодтани мо,
Тупҳои кушояндаи оташ зи даҳан хест.
Шодмонии шоир аз фарорасии Рӯзи Ғалаба низ ҳамин гуна содаву самимӣ ва равшану дилрас аст:
Рӯзи хурсандии дигар омад,
Ҷашни таърихии зафар омад.
Муҳаммадҷон Раҳимӣ, намояндаи дигари ин мактаб, бо ибрози чанд ҷузъи тоза мавзуъро фарохтар мекунад. Аз тасвири ӯ ҳам манзараи бо заҳмати сангин барои сарбозон силоҳу дигар воситаҳои мубориза сохтани одамони советӣ аён мешавад ва ҳам дар ин роҳ огоҳонаву бошуурона молу маблағи хешро дареғ надоштани онҳо:
Кардем нидо бародаронро:
Бо маблағу молу илму идрок
Имдод кунанд сафдаронро,
То маҳв шавад Адолф-Заҳҳок!
Корбасти паҳлуи дигари мавзуъ дар шеъри Муҳиддин Аминзода низ равшан эҳсос мешавад. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, дар шакли мактуб ба фронт доир ба ҷои бародарону хоҳарони ба набардгоҳ рафтаро гирифтани насли ҷавонтар изҳори андеша мекунад:
Рафтӣ, иваз карда трактур ба танк,
Ҷои ту гаштам ба трактур савор,
Ман биканам бехи алафҳои ғайр,
Ҷинси адӯро ту бикун торумор!
Дар ин миён набарди умумихалқӣ вусъати бемисл меёбад ва мубориза барои ҳар қитъа хоки Ватан ҷонфидоёни мушаххасро аз майдони набард ба майдони адабиёт меорад.
Устод Мирзо Турсунзодаро барҳақ метавон аскари ҷонфишони он набарди бемисл ҳисобид. Ашъори дилпазири давраи ҷангии ӯ низ ифодагари руҳи бешикасти халқанд ва на танҳо дар баёни дилу нияти сарбозони ҷабҳаву заҳматкашони ақибгоҳ, балки дар тарғиби барҷо ва сафарбарсозии мардум ба фронт нақши муҳим бозидаанд.
Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шакли номаи наздикон ба сарбоз ё номаи сарбоз ба наздикон иншо шудани ашъор ба ҳукми анъана даромад. Аз он миён шеърҳои Абдусалом Деҳотӣ, ки он рӯзҳо бародари донишмандаш Абдушукур Пирмуҳаммадзодаро аз даст дода буд, яъне ҷангро дар дилу ҷони хеш эҳсос менамуд, «Интизор бош!» (мактуб аз фронт) ва «Дар интизорам» (мактуб ба фронт) шуҳратёр гардиданд ва чун ҳамтои асили хеш – «Жди меня»-и адиби маъруфи рус Константин Симонов даст ба даст мегаштанд.
Ҳамчунин ин мавзуъ дар шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ мавқеи хос дорад. Ин шоири ҷавону тавоно, ки ҳанӯз қабл аз ҷанг чун ватансаро ном бароварда буд, самимона гуфтааст:
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чи гӯяд, адо мекунем.
Агар хасми мо қасд бар мо кунад,
Дари шӯришу фитнаро во кунад.
Биҷангем чандон барои Ватан,
Ки душман шавад зери пои Ватан,
Ҳам пеш аз ҷанг ва ҳам бевосита дар ҷабҳа ин шоири тозагӯю навҷӯ шеърҳои баланду зебои зиёде суруд, вале вопасин шеъри волояш номаи охиринаш гардид, ки аз Варшава навишта буд: «Ман ҷавонам ва зиндагиро бисёр дӯст медорам. Вале муҳаббатам ба Ватан бештар аст. Аз ин рӯ, роҳам ба Ватан танҳо ба воситаи Берлин хоҳад буд».
Дар барномае, ки шабакаи «Россия-2» дар рӯзҳои таҷлили 70-солагии Ғалабаи халқи шуравӣ бар Олмон нишон дод, як полковники солхӯрдаи рус нақл кард, ки ҳангоми Егорову Кантарияро ҳимоякунон ба Рейхстаг даромадани дастаи онҳо аз он бино чанд нафар сарбози шуравӣ берун шуданд. Дар посухи саволи ҳамсилоҳонашон гуфтанд, ки аскарони тоҷиканду парчами пирӯзиро бар фарози лонаи душман парафшон намудаанд. Ин, ба ҳеҷ ваҷҳ, хизмати садҳо сарбозони миллатҳои дигарро, ки бо заҳмати афзун парчами пирӯзии ҳамагониро бар он бино устувор намуданд, кам намекунад, балки бозгӯи амалӣ сохтани орзӯи ҳазорон ҷавонмардоне, аз қабили Ҳабиб Юсуфӣ аст, ки дар ин роҳи пуршараф ҷони ҷавон бохтанд.
Дар қатори ин шоири номвар адибони зиёди мо, аз ҷумла Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Қурбоналӣ Раҷаб низ бар зидди истилогарони фашистӣ размидаанд. Ҳамзамон бо набарди диловарона барои Ватан онҳо дар васфи халқу Ватан, озодиву истиқлолият, дӯстиву ваҳдати халқҳои шуравӣ, қарзи фарзандӣ ва қаҳрамонони ин муборизаи воқеан умумихалқӣ асарҳои зиёде эҷод намуданд.
Шаҳодати муборизаи умумии мардум будани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ он аст, ки давоми даҳсолаҳои зиёди баъди ҷанг ин мавзуъ дар адабиёти сермиллати шуравӣ яке аз меҳвариҳо буд. Он боиси ба вуҷуд омадани роману повест, достону драмма, шеъру ҳикоя ва очерку мақолаҳои бешуморе гардид. Ин осор саҳнаҳои мудҳишу муассир, симоҳои хосу фаромӯшнашуданӣ, идеяҳои намирандаеро ба ёдгор гузошта, ба хазинаи маънавии халқҳои ин қаламрав табдил ёфт.
Пирони адабиёт то ҷавонтарин адибон дар ин мавзуъ чизе эҷод карда, дар бозгӯи фоҷиаи бемислу қаҳрамониҳои беназири халқамон фаслу бобе афзуданд. Яъне, инъикоси он рӯзгор ва симоҳои дурахшонаш минбаъд ҳам мавриди таваҷҷуҳи шоирони наслҳои дигар будааст ва дар ин замина навиштаҳои зиёде, чун номаҳои миннатдориву шукргузорӣ аз падарони муборизу шуҳратманд рӯи сафҳаҳо омадаанд. Баррасии чунин осор касро ба мушоҳидаи беихтиёри таҳаввули адабиёт, такомули ҳунари адабӣ ва вусъату жарфои инъикоси мавзуъ мерасонад.
Умед аст, ки таҳқиқу баррасии комилтари ин мавзуи муҳим саҳнаҳои фидокорию садоқат, хизмати шоиронро дар инъикоси он ва пайванди сухану амали онҳоро бозгӯ менамояд. Дар таҳрики эҳсоси ватандӯстии наслҳои ҷавон саҳм мегузорад ва барои баррасии минбаъдаи мавзуъ барои адибону олимон маводи бештаре фароҳам меорад.
Низом ҚОСИМ,
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»