Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Канда бори дигар омодагии бонкро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати идома додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мулоқоташ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 58-уми солонаи Бонки Осиёии рушд дар шаҳри Милани Италия баргузор гардид. Ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушдро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба амалишавии ҳадафҳои муштарак дар самти таъмини неруи барқи “сабз” ва арзон, идоракунии устувори об, коҳиш додани хатари обхезию хушксолӣ ва партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидат намуда, ҳамчунин имкониятро барои рақамикунонии босуръат, саноатикунонии мамлакат ва ба ин васила таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор фароҳам месозад.
Ҳамзамон дар “Стратегияи навбатии шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои солҳои 2026-2030” ба инобат гирифтани маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология бо назардошти дар онҳо ба инобат гирифтани рақамикунонии ин соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон буда, давоми солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 то инҷониб ҳудуди 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Дар айни замон Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари амрикоӣ дастгирӣ менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад






