Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд

Май 8, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Канда бори дигар омодагии бонкро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати идома додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»  дар мулоқоташ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 58-уми солонаи Бонки Осиёии рушд дар шаҳри Милани Италия баргузор гардид. Ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушдро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба амалишавии ҳадафҳои муштарак дар самти  таъмини неруи барқи “сабз” ва арзон, идоракунии устувори об, коҳиш додани хатари обхезию хушксолӣ ва партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидат намуда,  ҳамчунин имкониятро барои рақамикунонии босуръат, саноатикунонии мамлакат ва ба ин васила таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор фароҳам месозад.

Ҳамзамон дар “Стратегияи навбатии шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд  барои солҳои 2026-2030” ба инобат гирифтани маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология бо назардошти дар онҳо ба инобат гирифтани рақамикунонии ин соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон буда, давоми солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 то инҷониб ҳудуди 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Дар айни замон Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари амрикоӣ дастгирӣ менамояд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ