Данғара — ноҳияи намунавӣ дар таъмини иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи намунаи сокинони ноҳияи Данғара дар самти вусъати корҳои кишоварзӣ ва нақшаҳои нави созандагӣ дар ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия шинос шуданд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз рафти шиносоии роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.