Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират доир гардид

Май 2, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дашанбе ҷаласаи панҷуми Шурои ҷамъияти назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Сардори Хадамоти муҳоҷират Иматшо Нодирзода иброз намуд, ки ҷаласа ҳамчун платформаи калидӣ барои муколамаи фарогир байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат менамояд. Дар он масъалаҳои муҳими соҳа ва омода намудани ҷавонони соҳибкасб мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳими давлат  маҳсуб мешавад. Барои соҳибкасб намудани сокинон Вазорати меҳнат, муҳиҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муасирро амалӣ менамояд. Зеро имрӯз талабот ба кадрҳои коргарии баландихтисос ва донандаи забонҳои хориҷӣ бештар гардидааст.

Дар мамлакат барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён бо қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шудаанд. Ин ба боз ҳам тақвият додани корҳо бобати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин намудани ин соҳаҳо бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд».

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони ташкилоти байналмилалӣ низ оид ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд