Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд

Май 8, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар чорабини муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар  Каримзода ва ҳайати дигари меҳмонон ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуда, бо вазъи хизмат ва шароити будубоши сарбозон дар қисми ҳарбӣ, инчунин аз Осорхонаи Пешвои миллат дар қисми ҳарбии мазкур, китобхона, ошхона ва сехи дузандагии қисми ҳарбӣ шинос шуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, таъкид намуд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки қаламрави тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравиро вазъияти ниҳоят ҳам мудҳишу мураккабе фаро гирифта буд, ҳазорон нафар аз ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳои бо ҳам дӯсту бародари кишварҳои аъзо ин Иттиҳод, дур аз зодгоҳи худ, дур аз оила ва хонаву ҷову макони худ баҳри ҳифозати ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин бо душман қаҳрамонона ҷангиданд ва ин корнамоиҳои қаҳрамононаи фарзандони халқи тоҷик барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар намунаи ибрат хоҳад буд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ҳифзи муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, оид ба гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву ифротӣ ва амсоли ин масъалаҳои муҳим сухан рафт.

Дар идома, як гуруҳ сарбозоне, ки дар рафти адои хизмати ҳарбӣ аз худ эҳсоси баланди масъулиятнокӣ нишон дода, пайваста аз худ фаъолияти баланди хизматӣ нишон медиҳанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас ҷиҳати болидахотирӣ ва боз ҳам рӯҳбаланд сохтани сарбозон, дар саҳни қисми ҳарбӣ, дар фазои идона бо иштироки санъаткорон барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.


АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Май 8, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд