Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Дар чорабини муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода ва ҳайати дигари меҳмонон ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуда, бо вазъи хизмат ва шароити будубоши сарбозон дар қисми ҳарбӣ, инчунин аз Осорхонаи Пешвои миллат дар қисми ҳарбии мазкур, китобхона, ошхона ва сехи дузандагии қисми ҳарбӣ шинос шуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, таъкид намуд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки қаламрави тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравиро вазъияти ниҳоят ҳам мудҳишу мураккабе фаро гирифта буд, ҳазорон нафар аз ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳои бо ҳам дӯсту бародари кишварҳои аъзо ин Иттиҳод, дур аз зодгоҳи худ, дур аз оила ва хонаву ҷову макони худ баҳри ҳифозати ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин бо душман қаҳрамонона ҷангиданд ва ин корнамоиҳои қаҳрамононаи фарзандони халқи тоҷик барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар намунаи ибрат хоҳад буд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ҳифзи муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, оид ба гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву ифротӣ ва амсоли ин масъалаҳои муҳим сухан рафт.
Дар идома, як гуруҳ сарбозоне, ки дар рафти адои хизмати ҳарбӣ аз худ эҳсоси баланди масъулиятнокӣ нишон дода, пайваста аз худ фаъолияти баланди хизматӣ нишон медиҳанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас ҷиҳати болидахотирӣ ва боз ҳам рӯҳбаланд сохтани сарбозон, дар саҳни қисми ҳарбӣ, дар фазои идона бо иштироки санъаткорон барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон


















ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд






