Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
ФАЙЗОБОД, 10.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон барои самаранок истифода намудани неруи барқ ва расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи неруи барқ бо сокинон вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳис намуда, неруи барқро самараноку қонунӣ истифода бурда, маблағи истифодаи онро сари вақт аз тариқи ғайринақдӣ супорем.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Масъулин оид ба истифодаи самараноки неруи барқ сухан гуфта, муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқро ба сокинон тавзеҳ доданд.
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрел зимни машварати корӣ таъкид намуданд, ки вазъи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳиму ногузир арзёбӣ намуданд.
Дар иртибот ба ин Роҳбари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа ба сокинони мамлакат моҳияти муқаррароти қонунгузории навро барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ фаҳмонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






