Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
РАШТ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар хоҷагиҳои ноҳияи Рашт дар 1181 гектар картошка кишт карда шудааст. Дар сохтори кишоварзии ноҳияи Рашт дурнамои кишти картошка 1630 гектар буда, кишоварзони ноҳия кӯшиш доранд, ки нақшаи кишти картошкаро сари вақт иҷро намоянд. Ҳамчунин сокинони ноҳияи Рашт барои самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар 1850 гектар замини наздиҳавлигӣ картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд. Имрӯзҳо дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, воқеъ дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳия кишти картошка идома дорад.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд корманди шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт иттилоъ дод, имсол 90 фоизи деҳқонони ноҳия навъҳои картошкаи “Тоҷикистон-24” ва “Покистон” кишт намудаанд. Чунки ин навъи картошка ба муҳити ноҳия созгор буда, ҳосили фаровон медиҳад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 50 тонна картошка кумак намуд.
Имсол 357 техника ва механизми кишоварзӣ ба сари вақт кишт намудани картошка равона шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






