Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамоиш доир гардид

Май 8, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон – самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта,  барои  дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд   анҷом дода мешаванд.

«Бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа маъюбони мамлакат низ зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии маъюбон   таҳия ва қабул шудани якчанд қонунҳои миллӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ба маъюбон, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба ин табақаи ҷомеа аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад»,-баён намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон .

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид буда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф менамояд. Ҳамзамон доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид